Порагирии 2 корманди мақомоти андоз дар шаҳри Бохтар

Кормандони мақомоти андози шаҳри Бохтар барои гирифтани қариб 10 ҳазор сомонӣ аз як фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ боздошт шуданд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоъ додааст. “Расулов Акбаралӣ Каримович дар вазифаи муовини сардор – сардори шуъбаи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар кор карда истода, аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти андози шаҳри Бохтар барои гирифтани қариб 10 ҳазор сомонӣ аз як фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ боздошт шуданд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоъ додааст.

“Расулов Акбаралӣ Каримович дар вазифаи муовини сардор – сардори шуъбаи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар кор карда истода, аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси ҳамин Нозирот Ҳотамов Тоҷидин Мусофирович бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт аз шаҳрванд Сангов Д.С., ки дар шаҳри Бохтар ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул буд, бо роҳи фиреб маблағи 10000 сомонӣ талаб намуданд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Минбаъд Акбаралӣ Расулов ва Тоҷидин Ҳотамов бо мақсади ба анҷом расонидани нақшаи қаллобонаи худ аз Сангов Д.С. маблағи 5000 сомониро пешакӣ гирифта, 25-уми январи соли 2020 баъд аз гирифтани маблағи 4150 сомонии дигар дар ҷойи ҳодиса дастгир шуданд.

Нисбат ба Расулов А.К. ва Ҳотамов Т.М. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Тибқи муқаррароти ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, қаллобие, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 21170 сомонӣ то 52896 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.