Паём ба гузашта. Оғози лоиҳаи “Иртиботи наслҳо – таърих дар номаҳо”

Ба муносибати 75-умин солгарди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва Соли ёдбуду шараф Лоиҳаи федералии “Иртиботи наслҳо – таърих дар номаҳо” оғоз гардид. Тавре Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе хабар медиҳад, ба туфайли платформаи нави рақамии historyinletters.ru ҳар нафари хоҳишманд тариқи ҷавоб ба мактуб аз ҷабҳа (фронт), ки аз замони ҷанг боқӣ мондааст, метавонад […]

Ба муносибати 75-умин солгарди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва Соли ёдбуду шараф Лоиҳаи федералии “Иртиботи наслҳо – таърих дар номаҳо” оғоз гардид.

Тавре Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе хабар медиҳад, ба туфайли платформаи нави рақамии historyinletters.ru ҳар нафари хоҳишманд тариқи ҷавоб ба мактуб аз ҷабҳа (фронт), ки аз замони ҷанг боқӣ мондааст, метавонад паёми худро ба гузашта фиристад, ба сарбози ҷавон ва коргари ақибгоҳ муроҷиат карда, барои ҳаёти ҳозира изҳори сипос кунад.

Ин торнамо имкон медиҳад, ки ҷавоб дар шаклҳои матн, аудио (овозӣ) ё навори видео илова шавад. Ҳар як иштирокчии иқдом ҳамчунин аз бойгонии шахсии оилавии худ метавонад ба портал мактуб гузорад.

Дастандаркорони портал хотиррасон мекунанд, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мактубҳо аз фронт чӣ нақшу таъсир доштанд.

Давраи ҷанг номаи секунҷа аз фронт рамзи умед ва ягона воситаи робитаи сарбоз бо пайвандонаш буд. Ин ҳуҷҷатҳои арзишманди таърих ҳақиқати комил дар бораи он замони душвор буд. Онро дар қундоқи автомат сари зону, тахтаҳои сӯхта байни харобиҳо, дар пушти ҳамяроқон менавиштанд.

Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аскарон беш аз 11 млрд мактуб навиштанд.

Мутаассифона, на ҳамаи онҳо ба каси таъиншуда расиданд, аксарият ҳамин тавр бе ҷавоб боқӣ монданд.

Албатта, мактубҳои ҷавобии электронии моро акнун сарбозон воқеан хонда наметавонанд. Аммо наслҳои оянда бо он шинос мешаванд. Ба ин васила иртиботи пур аз хотироти наҷиб, ғамхорӣ ва некӣ ҳосил мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.