Пешсафии «Истиклол» ва «Хатлон» баъд аз ду даври чемпионат

Даври дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат ба охир расид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар садри ҷадвали чемпионат ду даста – “Истиқлол” ва “Хатлон” бо касби 6 холи имконпазир қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, дар ин давр “Истиқлол” дар Душанбе тими КМВА (ССКА)-ро дар майдони худ қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 0 […]

Asia-Plus

Даври дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат ба охир расид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар садри ҷадвали чемпионат ду даста – “Истиқлол” ва “Хатлон” бо касби 6 холи имконпазир қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ин давр “Истиқлол” дар Душанбе тими КМВА (ССКА)-ро дар майдони худ қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 0 ва “Хатлон” дар меҳмонӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуданд.

Натиҷаи бозиҳои дигари давраи дуюм, ки як рӯз пеш баргузор гардида буданд, чунинанд: «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0; «Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3 ва «Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2.

Бозиҳои даври сеюм рӯзҳои 18 ва 19 апрел баргузор мешаванд: «Душанбе-83» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» (18 апрел), КМВА – «Локомотив-Помир», «Хатлон» – «Истиқлол» ва «Кӯктош» – «Хуҷанд» (19 апрел).

Ҷадвали мусобиқа пас аз ду давр

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

9-0

6

2

«Хатлон» (Бохтар)

2

2

0

0

5-3

6

3

«Кӯктош» (Рудаки)

2

1

1

0

3-0

4

4

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

1

0

5-4

4

5

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

1

1

0

3-2

4

6

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-4

3

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

1

1

2-3

1

8

КМВА (Душанбе)

2

0

0

2

1-5

0

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

0

0

2

1-5

0

10

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

0

0

2

0-8

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳар ду – «Истиқлол») – 3 тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2 тӯбӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.