Пешгирии муомилоти ғайриқонунии моддаи заҳролуди симоб дар Суғд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як марди 36-соларо барои муомилоти ғайриқонунии симоб боздошт карданд. Тибқи иттилои ВКД, ин мард ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карда шуд. Рӯзи 11-уми апрел аз ӯ дар ҳудуди минтақаи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як зарфи шишагӣ, ки дар дохилаш […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як марди 36-соларо барои муомилоти ғайриқонунии симоб боздошт карданд.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карда шуд.

Рӯзи 11-уми апрел аз ӯ дар ҳудуди минтақаи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як зарфи шишагӣ, ки дар дохилаш моеъи рангаш нуқрагӣ буд, дарёфт ва гирифта шуд. Моеъи мазкур моддаи заҳролуди “симоб” буда, вазни хоси умумиаш 1 килою 167 граммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба гумонбар бо моддаи 206 қисми 3-и КҶ ҶТ (Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.