Кумаки Фонди ҳамсари президенти Ӯзбекистон ба 5 ҳазор зан

Date:

Фонди таҳти раҳбарии ҳамсари президенти Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева фаъолияти худро аз кумаки моддӣ ба 5 ҳазор нафар занон оғоз кард. Дар ин бора Centralasia.media хабар медиҳад.

Маблағҳои Фонди хайрияи «Zamin» дар ҳаҷми 5 млрд сӯм (зиёда аз 500 ҳазор доллар) байни занони ниёзманди тамом минтақаҳои Ӯзбекистон тақсим карда шуд.

“Бигзор ин кумаки сарвақтӣ ба шахсоне, ки дар ин замони душвор ба ночорӣ афтоданд, дар рӯзҳои оғози моҳи шарифи Рамазон умед бахшида, ба наздикону аҳли оилаашон хурсандиву самимият орад”, – иброз доштааст Зироат Мирзиёева.

Фонди байнулмилалии ҷамъиятии «Zamin» дар Ӯзбекистон ба сифати созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис ёфта, мусоидат ба рушди устувори кишвар ва беҳбуди некӯаҳволии мардум аз ҳадафҳояш унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...