Фарзона ва Озарахш худро беҳтар ҳис мекунанд

Шоираи саршиноси тоҷик ва ҳамсари ӯ – шоири маъруф Озарахш, ки дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоти Суғд бистариянд, худро хуб ҳис мекунанд. Духтари онҳо Шоҳона гуфт, ки модараш комилан шифо ёфта, падараш ҳоло ҳам дар беморхона аст. “Модарам сиҳат аст, лекин ба беморхона меравад, то ки ҳамроҳи падарам бошад. Падарам ҳам аз дирӯз худро беҳтар ҳис […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шоираи саршиноси тоҷик ва ҳамсари ӯ – шоири маъруф Озарахш, ки дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоти Суғд бистариянд, худро хуб ҳис мекунанд.

Духтари онҳо Шоҳона гуфт, ки модараш комилан шифо ёфта, падараш ҳоло ҳам дар беморхона аст.

“Модарам сиҳат аст, лекин ба беморхона меравад, то ки ҳамроҳи падарам бошад. Падарам ҳам аз дирӯз худро беҳтар ҳис мекунад”, – афзуд Шоҳона.

Ёдрас мекунем, ки шоира Фарзона қариб ду ҳафта дар бемористон бистарӣ буд. Ба қавли табибон, ӯ ба зукоми мавсимӣ гирифтор шуда буд.

“Ӯ ҳар сол зукоми мавсимиро душвор паси сар мекунад. Муддати тӯлонӣ хонанишинӣ карда, ҳатто овозаш ҳам мегирад”, – гуфта буданд пайвандони шоира.

Ҳамсари Фарзона – шоири шинохта Озарахш низ ҳамроҳи ӯ дар бемористон бистарӣ шуда, ба қавли табибон, ба бемории варами роҳҳои нафаскашӣ гирифтор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.