Кортҳои кобрендингии насияи «Салом»-и МегаФон Тоҷикистон ва «Алиф Бонк» барои харидҳои қулай

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» рушди хизматрасониҳои молиявиро барои мизоҷони худ вусъат дода истодааст. Аз  27 апрел дар доираи лоиҳаи муштараки оператор бо ҶСК «Алиф Бонк» муштариён метавонанд дар МегаФон дархостҳоро барои гирифтани кортҳои кобрендингии бонкии «Салом» пешниҳод намоянд.    Кортҳои мазкур  барои ба насия харидани молу хизматрасониҳои беш аз 500 шарики лоиҳа кӯмак мерасонанд.     Корти инфиродии […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» рушди хизматрасониҳои молиявиро барои мизоҷони худ вусъат дода истодааст. Аз  27 апрел дар доираи лоиҳаи муштараки оператор бо ҶСК «Алиф Бонк» муштариён метавонанд дар МегаФон дархостҳоро барои гирифтани кортҳои кобрендингии бонкии «Салом» пешниҳод намоянд.    Кортҳои мазкур  барои ба насия харидани молу хизматрасониҳои беш аз 500 шарики лоиҳа кӯмак мерасонанд.    

Корти инфиродии бонкии «Салом» барои пардохти арзиши молҳо ва ҳаққи хизматрасониҳо дар давоми то 12 моҳ ва бе комиссия (0%) имконият  медиҳад.      Ин гуна харидҳоро бе ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва пешпардохт, танҳо бо пешниҳоди корт ба фурӯшанда, анҷом додан мумкин аст.   Тамоми тартиби харид дар якчанд дақиқа сурат мегирад.  Кортҳои кобрендингии  «Салом» дар марказҳои машҳуртарини савдо ва гипермаркетҳо, тарабхонаҳо, агентиҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои дигари Душанбе ва Хуҷанд қабул карда мешаванд.   

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ на танҳо ҷорикунии кортҳои «Салом»-ро дастгирӣ намуд, балки  дастраскунии онҳоро зуд ва қулай гардонд.     Дархостро дар Маркази тамос, толорҳои хусусии алоқаи  ширкат ва дар сомонаи salom.megafon.tj  гузоштан мумкин аст.     Баъд аз ин муштарӣ ба идораи «Алиф Бонк» даъват карда шуда, ба ӯ  бо пешниҳоди шиноснома  корт супорида мешавад.   Бори аввал гирифтани корт барои истифодабаранда ройгон мебошад.  

«Акнун дархостро барои бонк  дар дилхоҳ толори мо пешниҳод кардан мумкин аст.   Вале, мо танҳо бо ин маҳдуд намешавем.  Барои ҳар як хариди бомуваффақият тавассути терминали «Алиф Бонк» истифодабарандаи корт аз ширкати МегаФон 60 холи иловагиро аз рӯи барномаи садоқатмандии «Раҳмат» соҳиб мегардад.      Ин  бонусҳоро барои хариди мегабайтҳо, дақиқаҳо, SMS ва дигар хизматрасониҳои алоқа истифода бурдан мумкин аст.    Мо имкониятҳои мизоҷони худро якбора ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои мобилӣ васеъ менамоем», –  мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.