Сохтмони 10 қароргоҳ дар Душанбе барои меҳмонони баландпоя

Date:

Барои таҳвилгарони масолеҳи сохтмон ва техника ҷиҳати бунёди ин иншоот дар мавриди пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳо дода шуд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тайғйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2020” қабул кард, ки дар онҳо пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба баъзе субъектҳо пешбинӣ шудааст.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ қайд кард, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ ширкатҳое озод карда мешаванд, ки сохтмони 10 қароргоҳ барои меҳмонони воломақомро дар Душанбе бо масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот таъмин мекунанд.

Ӯ қайд кард, ки иншооти мазкур дар шафати бӯстонсарои ҳукумат, воқеъ дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд.

Ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳо, ширкатҳои таъмингари гулу бутта ва дарахтони ороишӣ барои пойтахт аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Зарурати пешниҳоди чунин имтиёзҳоро муовини вазири молия “муаррифии шоистаи имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ” ва “баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд” маънидод кард.

Ғайр аз ин, мутобиқи тағйироту иловаҳо ба буҷет, ба ширкатҳои таъмингари тухмиҳои кишоварзии сатҳи репродуктивӣ ва тухмиҳои хушсифат барои пиллапарварӣ, инчунин воридоти як чархболи Airbus аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” низ дар пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ имтиёз дода мешавад.

Илова бар ин, дар тағйироту иловаҳо озод кардани ширкатҳои машғул ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз пардохти андоз аз фоида, ААИ, андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард пешбинӣ шудааст.

“Ин тасмим баҳри тақвият бахшидан ба корҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун гирифта шуд”, – илова кард муовини вазири молия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...