spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Афғонистон ровии шинохтаи телевизион кушта шуд

Мино Мангал, наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон кушта шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфтааст, ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст.

Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд. Сайидмуҳаммад Рӯшандил, фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, “Мино ва шавҳараш вақте аз ҳам ҷудо шуданд, ҷанҷол ва хусумат доштаанд. Бино ба изҳороти падараш, телефонӣ таҳдид шуда буданд. Пулис дар ҷустуҷӯяш аст. Аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дастгир мешавад.”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳалокати 29 нафар, аз ҷумла 3 журналисти «Озодӣ» аз амали террористӣ дар Кобул

Гуфта мешавад, Мино Мангал ду сол пеш арӯсӣ карда, баъди чанд моҳи зиндагии якҷоя аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Замрай, холаи Мино Мангал, гуфтааст, хоҳарзодааш аз ин арӯсӣ розӣ набуд ва ин сабаб шуд, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад. “Дар бораи чи гуна кушта шуданаш маълумоти дақиқ надорам. Вале хабар дорам, ки аз арӯсиаш хуш набуд”, — гуфт ӯ.

Мина Мангал, корманди Вулуси Ҷирга субҳи шанбе, замоне ки ба кор мерафт, дар наздикии хонааш бо зарби тир кушта шудааст. Вай як ҳафта пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки аз сӯи бархе таҳдид мешавад. Аммо аз касе ё гурӯҳе ном набурдааст.

Мино Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси наттоқ ва хабарнигори телевизионҳои “Тулӯъ” ва “Шамшод” кор кардааст. Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон ҳам баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...