Бистарӣ шудани Ҷамолиддин Нуралиев ва Шоҳрух Саидзода расман рад гардид

Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи дар бемористон бистарӣ шудани муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиевро рад кард. “Ҷамолиддин Нуралиев айни замон дар утоқи корияш қарор дошта, вазъи солимияш хуб аст, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ. – Овозаҳо дар бораи аз коронавирус сироят ёфтани ӯ асоси воқеӣ надоранд”. Аз хадамоти […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи дар бемористон бистарӣ шудани муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиевро рад кард.

“Ҷамолиддин Нуралиев айни замон дар утоқи корияш қарор дошта, вазъи солимияш хуб аст, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ. – Овозаҳо дар бораи аз коронавирус сироят ёфтани ӯ асоси воқеӣ надоранд”.

Аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ ҳамчунин суратеро пешниҳод карданд, ки дар он Нуралиев ҳангоми машқ дар толори варзишӣ аксбардорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, овозаҳо дар беморхона бистарӣ будани сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон Шоҳрух Саидзода низ дар саҳифаи раёсати мазкур дар шабакаи иҷтимоии Facebook рад шудааст.

“Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон Саидзода Шоҳрух Абдуфаттоҳ дар беморхона бистарӣ нашудааст. Ба хотири эҳтиёт дар хонааш худро ҷудо нигоҳ медорад. Сабабаш шамолхӯрии маъмулӣ аст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Бо нашри сурати Саидзода дар шароити хона аз одамон дархост шудааст, ки ба хабарҳои манбаъҳои беэътимод бовар накарда, мувофиқи имкон дар хона бимонанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан чанде аз ВАО дар бораи бо аломатҳои сирояти коронавирус дар беморхона бистарӣ шудани Ҷамолиддин Нуралиев ва Шоҳрух Саидзода маълумот нашр карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.