Дар Тоҷикистон таварруми баландтарини тайи 10 соли охир пешгӯйӣ шудааст

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таварруми 10%-ро дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли 2020 пешгӯйӣ мекунанд. Дар гузориши нави Бонк доир ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки бо афзоиши нарх ба маҳсулоти ғизоӣ, инчунин поинравии суръати рушд ва ҳаҷми интиқоли пул дурнамои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ зери суол мемонад. Гуфта мешавад, таваррум дар ҷумҳурӣ пас аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таварруми 10%-ро дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли 2020 пешгӯйӣ мекунанд.

Дар гузориши нави Бонк доир ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки бо афзоиши нарх ба маҳсулоти ғизоӣ, инчунин поинравии суръати рушд ва ҳаҷми интиқоли пул дурнамои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ зери суол мемонад.

Гуфта мешавад, таваррум дар ҷумҳурӣ пас аз коҳиш то 5,4% дар соли 2018, то 8% соли 2019 афзоиш ёфта, ба 5-9% ҳадди болоии доираи мақсадноки Бонки миллӣ наздик шуд.

Ба омилҳои аслии таварруми соли гузашта таҳлилгарони Бонк болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, таъсири беқурбшавии асъор ва афзоиши тарифҳо ба қувваи барқро ба андозаи 15% нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки аллакай дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 2,6%-ро ташкил дод. Дар ин давра нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 4% афзуд.

Бонки миллии Тоҷикистон мизони таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.