Борони селу раъду барқ ва шамоли сахт: ҳавои номусоиди рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 2 ва 5 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора ноустувор шудани вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида ба истиснои ВМКБ бошиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 4-уми май дар вилоятҳои Суғд ва […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 2 ва 5 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора ноустувор шудани вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида ба истиснои ВМКБ бошиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 4-уми май дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон вазиши шамол бо шиддатнокии то 12-17 м/с дар назар дошта шуда, дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд. 

“Рӯзҳои 2-3 май дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон, Суғд, НТМ  ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ  ба вуҷуд омадани сел пешгӯйӣ мешавад”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Рӯзҳои 2-3 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Вахш, инчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (ноҳияи Айнӣ) баландшавии босуръати сатҳи об пешгӯйӣ шудааст.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз шаҳрвандон боисрор дархост кардааст, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя карда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин ҳавои тағйирёбанда чарондан ва нигоҳубини чорворо дар чарогоҳҳо мушкил мекунад.

“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард, хусусан, ҳангоми истифода аз роҳу ағбаҳои кӯҳӣ, КҲФ аз ронандагоне, ки воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша доранд, исроркорона хоҳиш менамояд, ҳаракати худро шабона маҳдуд созанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хоса реҷаи суръати таъиншударо риоя кунанд”, – таъкид шудааст дар маълумоти Кумита.

Ҳамчунин Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дар наздикии ҳавзу дарёҳо қарор доштан ва ба моҳигирӣ машғул шуданро тавсия намедиҳад, зеро обҳои дарёҳо метавонанд соҳилҳои паст ва заминҳои кишоварзиро пахш кунанд, қитъаҳои роҳро шӯянд, инчунин ба амнияти кӯпруку сарбандҳо таҳдид кунанд.

Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ҳамаи ҷӯю заҳбурҳои воқеъ дар наздикии хонаҳои худро тоза кунанд. Ба ашхосе, ки ба бемориҳои дилу рагҳо гирифторанд, тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои таъиншударо дошта бошанд.

“Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг занед”, – илова шудааст дар хабари КҲФ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.