Истифодаи 7 тонна гипохлорити натрий ва калсий дар 1 шабонарӯз барои поккории Душанбе

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус ҷойҳои ҷамъиятиро бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар вилояти Хатлон кормандони КҲФ бинои прокуратура, суд, милитсия, майдонҳо, поркҳо ва қаламрави наздик ба онҳоро дар шаҳри Бохтар аз нигоҳи […]

Asia-Plus

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус ҷойҳои ҷамъиятиро бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар вилояти Хатлон кормандони КҲФ бинои прокуратура, суд, милитсия, майдонҳо, поркҳо ва қаламрави наздик ба онҳоро дар шаҳри Бохтар аз нигоҳи беҳдоштӣ тозову пок карданд. Ҳамчунин қаламрави як қатор қисмҳои ҳарбии наздикии шаҳри Бохтар низ поккорӣ шуданд.

“Шабонарӯзи гузашта гурӯҳҳои зудамали Кумита дар қаламрави шаҳри Душанбе бо ёрии техникаи махсуси Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ корҳои дезинфексионӣ гузарониданд ва барои ин корҳо 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода гардид”, – омадааст дар хабари Кумита.

Ҳангоми роҳандозии корҳои беҳдоштӣ мутахассисони Кумита бо сокинони кишвар дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, чӣ бояд кард, то худро аз сироят ба ин вируси хатаровар дур нигоҳ дошт, дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ ба аҳолӣ варақаҳову китобчаҳо пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар ҷойҳои серодам ин варақаҳо барои истифодаи умум часпонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.