Ширкати “Сомон фарм” ба истеҳсоли маводи антисептикӣ шурӯъ кард

Корхонаи истеҳсоли маводи антисептикӣ имрӯз, 7-уми май дар ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори ҶДММ “Сомон фарм” ба фаъолият оғоз кард. Одинамаҳмад Шарифзода, муовини сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ифтитоҳи ин корхона муовини раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода иштирок […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Корхонаи истеҳсоли маводи антисептикӣ имрӯз, 7-уми май дар ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори ҶДММ “Сомон фарм” ба фаъолият оғоз кард.

Одинамаҳмад Шарифзода, муовини сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ифтитоҳи ин корхона муовини раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода иштирок доштанд.

“Корхона дар як рӯз 10 ҳазор қуттӣ (флакон) антисептика истеҳсол мекунад, ки ин метавонад қисме аз талаботи муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо ин маводи зарурӣ таъмин кунад. Дар корхонаи мазкур 7 нафар мутахассисони маҳаллӣ кор мекунанд”, – гуфт Одинамаҳмад Шарифзода.

Абдуаллим Исмоилзода зимни ифтитоҳи ин корхона аз соҳибкорон хост, ки дар чунин як шароити вазнин софдилона меҳнат карда, кӯшиш кунанд, ки нархро боло набаранд.

Ба гуфтаи манбаъ, муовини раиси вилоят ва ҳайати корӣ ҳамчунин аз анборҳои захиравии чанде аз ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ боздид карда, бо захираи доштаи ин ширкатҳо шинос шуд. Аз ҷумла, Абдуалим Исмоилзода аз анборҳои ширкатҳои фармасевтии ҶДММ “36,6” ва ҶДММ “Нек фарм” боздид кард.

Ғайр аз ин, муовини раиси вилоят бо рафти истеҳсол ва захираи ниқобҳо дар ду корхонаи шаҳри Бохтар – ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” ва як коргоҳи дӯзандагӣ дар маҳаллаи 14-и шаҳр шинос шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст