Дар Хоруғ тоҷир меҳмонхонаашро барои беморон пешниҳод кард

Тоҷири муқими шаҳри Хоруғ Мабатшо Бахтибеков меҳмонхонаи худро бо номи “Зафар” барои бистарӣ кардани беморон ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ пешниҳод кард. “Табибони Хоруғ мисли ҳамтоёнашон дар саросари дунё имрӯз бо беморӣ мубориза доранд. Меҳмонхона паҳлӯи беморхона ҷойгир буда, ман ба хулоса омадам, ки Худо накарда, агар дар беморхона ҷой нарасад, бистарӣ кардани беморон дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asua-Plus

Тоҷири муқими шаҳри Хоруғ Мабатшо Бахтибеков меҳмонхонаи худро бо номи “Зафар” барои бистарӣ кардани беморон ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ пешниҳод кард.

“Табибони Хоруғ мисли ҳамтоёнашон дар саросари дунё имрӯз бо беморӣ мубориза доранд. Меҳмонхона паҳлӯи беморхона ҷойгир буда, ман ба хулоса омадам, ки Худо накарда, агар дар беморхона ҷой нарасад, бистарӣ кардани беморон дар ин ҷо қулай аст”, – гуфт тоҷир ба “Азия-Плюс”.

Мабатшо Бахтибеков чанд сол пеш меҳмонхонаро бунёд кард, то ки ба талаботи сайёҳони хориҷӣ мувофиқ бошад. Тоҷир аз меҳмонхона даромади хуб мегирифт, аммо бо сабаби пайдоишу паҳншавии COVID-19 ва баста шудани сарҳадот меҳмонхона айни замон холӣ мондааст.

Соҳибкор қайд кард, ки ҳуҷраҳои меҳмонхона барои 32 нафар пешбинӣ шудааст.

“Дар ин ҷо тарабхона низ ҳаст, ки метавонанд барои беморон хӯрок тайёр кунанд. Ҳамчунин аз дигар иншооти меҳмонхона мувофиқи салоҳдиди худ метавон истифода кард”, – таъкид дошт ӯ.

Дар ин амали худ Мабатшо ҳеҷ чизи ғайриоддие намебинад.

“Дар вазъияти душвор ҳар кадоме аз мо бояд ба мардуми худ хизмат кунем, ин табиист. Чунки дар сурати пур шудани палатаҳо модарони мо  дар долон монда метавонанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки паҳлӯи беморхона меҳмонхонаи ман холист? Набояд ин тавр бошад”, – илова кард тоҷир.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди норасоии ҷой дар бемористонҳо, қариб ҳамаи меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе аз сабаби набудани сайёҳон баста шуданд. То ҳол доир ба пешниҳод шудани онҳо барои бистарӣ кардани беморон маълумоте нарасидааст. Танҳо дар меҳмонхонаи “Гулистон” донишҷӯёну хонандагонеро ҷойгир карданд, ки бо хатсайри махсус аз ИМА омаданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст