Гуфтушуниди вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои аъзои ИДМ

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ дар шакли конфронси алоқаи видеоӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор мешавад. Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар кори конфронси видеоӣ ба ҷуз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, инчунин роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ дар шакли конфронси алоқаи видеоӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор мешавад.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар кори конфронси видеоӣ ба ҷуз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, инчунин роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон ва Туркманистон, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаҳорчӯби мулоқот оид ба масоили муҳими байнулмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳод, рафти амалисозии Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ дар соли 2019 ва Нақша барои соли 2020, инчунин роҳу воситаҳои муқовимати муштарак бар зидди паҳншавии коронавирус табодули назар сурат мепазирад.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои як қатор санадҳо дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио