Пешниҳоди хизматрасонии ба хона расонидани SIM-корт аз Tcell

Date:

Ширкати Tcell сервиси расонидани SIM-кортро то хонаи муштариён пешниҳод мекунад.    Маркази мобилии хизматрасонӣ ба назди ҳар касе, ки SIM-корти нав пайваст, иваз ва ё барқарор карданӣ аст, ё онро мехоҳад ба қайд бигирад, ҳозир мешавад. 

Барои фармоиш додани хадамоти маркази хизматрасонии мобилӣ бояд ба рақами 936010000 ё 926777070 занг занед. Маркази хидматрасонии мобилии Tcell ба суроғаи зикршуда расонида мешавад ва мутахассисони ширкат ба Шумо дар иҷрои амалҳои зарурӣ кӯмак мерасонанд: пайваст кардани SIM-корти нав, иваз кардан, барқарор, ё сабти дубораи SIM-кортҳои мавҷуда, инчунин пур кардани тавозун. Ҳамчунин, мутахассисони Tcell омодаанд дар ҳама масоили иртибот (алоқа) маслиҳат диҳанд, тарофаи зарурӣ ё опсияи Tcell-ро, ки барои ҳар як муштарӣ мувофиқанд, тавсия диҳанд.

Реҷаи кории марказҳои хизматрасонии мобилӣ ва хати доимоамалкунандаи қабули дархостҳо: аз 09:00 то 17:00, аз рӯзи душанбе то ҷумъа.

Дар ҳоли ҳозир, хизматрасонии мазкур дар Душанбе, Турсунзода, Рашт, Ваҳдат, Бохтар, Леваканд, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, А. Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б. Ғафуров, Истаравшан ва Исфара дастрас аст. Дар оянда рӯйхати шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин изофа мешаванд.

Ширкати Tcell дар кори ҳаррӯзаи худ ба хоста ва ниёзҳои муштариён тамаркуз мекунад. Дар айни замон, вақте ки хатари мубталошавӣ ба вируси COVID-19 баланд аст ва ба ҳама дар хона мондан тавсия дода мешавад, хизматрасонии марказҳои хизматрасонии мобилӣ барои аксари муштариён хеле қулай аст. Ширкат хадамоти ҷадид ва сервисҳои навро пешниҳод менамояд, то ба муштариён дар истифода ва корбарии шабакаи Tcell кӯмаки бештар расонад.  

   ___________________

 Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...