Кумаки башардӯстонаи бародаршаҳрҳои Душанбе ба Тоҷикистон

Ташкилотҳои ҷамъиятии Чин ва бародаршаҳрҳои Душанбе – Синдао ва Сямин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 479,6 ҳазор доллар зиёда аз 6,5 тонна кумаки башардӯстона фиристоданд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии сафорати Чин дар Тоҷикистон Сун Хунчжи хабар дод, маросими супурдани кумак рӯзи 10-уми май дар дидбонгоҳи назоратии “Қулма-Қарасу” баргузор шудааст. “Кумак аз 17 дастгоҳи нафасдиҳии […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ташкилотҳои ҷамъиятии Чин ва бародаршаҳрҳои Душанбе – Синдао ва Сямин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 479,6 ҳазор доллар зиёда аз 6,5 тонна кумаки башардӯстона фиристоданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии сафорати Чин дар Тоҷикистон Сун Хунчжи хабар дод, маросими супурдани кумак рӯзи 10-уми май дар дидбонгоҳи назоратии “Қулма-Қарасу” баргузор шудааст.

“Кумак аз 17 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), беш аз 48 ҳазор ниқоби муҳофизатии тиббӣ, қариб 397 ҳазор ниқоби тиббии яккарата, 47 ҳазор ниқоби тиббии ҷарроҳӣ, 11 ҳазору 750 маҷмӯи либоси муҳофизатии тиббӣ, 20 ҳазору 600 ҷуфт дастпӯшак, 11 ҳазор айнаки муҳофизатӣ, 900 ҳароратсанҷ ва 5 ҳазор экран-ниқоби муҳофизатӣ иборат аст”, – гуф Хунчжи.

Ба гуфтаи ӯ, ин кумаки аввали Чин ба Тоҷикистон набуда, барои мубориза бо пандемия ҳукумати Чин инчунин ду баста борҳои зиддиэпидемикӣ ирсол кардаву мекунад.

Бастаи аввал, ки рӯзи 30-юми март дода шуд, аз 2 ҳазор маҷмӯи реагентҳо барои ошкор кардани коронавирус, либоси муҳофизатӣ ва дигар лавозимоти тиббии мавриди ниёзи аввал иборат буд.

“Дар бастаи дуюм Чин ба Тоҷикистон 50 ҳазор тест-низом барои ташхис, 30 ҳазор хилъати тиббии муҳофизатӣ, 30 ҳазор ниқоби тиббии навъи №95, 150 ҳазор ниқоби ҷарроҳӣ, 50 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои тиббӣ, 30 ҳазор айнаки тиббӣ ва 1 ҳазор тепловизор мефиристад”, – иброз дошт котиби матбуотии сафорат.

Зикр шуд, ки қисми якум аз бастаи дуюм (50 ҳазор тест-низом) рӯзи 6-уми май дар гузарогоҳи “Қулма-Қарасу” дар сарҳади байни кишварҳо ба Тоҷикистон супурда шуда, ду қисми дигари баста ба наздикӣ оварда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.