Боронҳои пуршиддат ба сангрез ва зери об мондани заминҳои кишт боис шуданд

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои резиши санг ва омадани сел ба қайд гирифта шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, борони шадид лойу лойқаи азимро ҷамъ оварда, роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикат баста, дар роҳҳои байни деҳоти ноҳияҳои Турсунзода ва Ҳисор сел мушкилот ба бор овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ бо […]

Asia-Plus

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои резиши санг ва омадани сел ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, борони шадид лойу лойқаи азимро ҷамъ оварда, роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикат баста, дар роҳҳои байни деҳоти ноҳияҳои Турсунзода ва Ҳисор сел мушкилот ба бор овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ бо истифода аз техникаи махсус роҳҳо аз лойю лойқа поккорӣ ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан борони шадид зироатҳои кишоварзиро зери об карда, ҳоло дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.

Субҳи 14-уми май дар натиҷаи боронҳои шадид дар роҳи мошингарди Нуробод – Лахш дар километри 94-95 ва 101-103 резиши санг ба амал омада, роҳ муваққатан баста шуд. Барои бартараф кардани оқибати ин офати табиӣ 2 техникаи махсуси роҳрӯбӣ ҷудо шуд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст.

“Бегоҳии 13-уми май дар ноҳияи Ёвон бо партоби 5 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” ду минтақаи хавфнок ва дар ноҳияи Данғара бо партоби 2 мушак як минтақаи хатарнок безарар гардонида шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

КҲФ бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки то рӯзи 15-уми май ҳаво дар саросари мамлакат ҳамин гуна пурбориш боқӣ монда, ҳамоно хатари омадани сел, резиши санг, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо таҳдид мекунад.

Дар ҳамин иртибот аз аҳолии кишвар дархост шудааст, ки  дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.