Бо гранти БҶ харидани 100 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба нақша гирифта шудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо созмонҳои байнулмилалӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ворид кардани таҷҳизот ва маводи тиббӣ идома медиҳад, хабар додааст вазорати молияи ҷумҳурӣ. Бо мақсади таъмини шаффофият барои хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ ва либоси махсус, ташкилоти UNOPS, ки як бахши амалиётҳои СММ барои сохтори Созмони Милал, институтҳои байнулмилалии молиявӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо созмонҳои байнулмилалӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ворид кардани таҷҳизот ва маводи тиббӣ идома медиҳад, хабар додааст вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Бо мақсади таъмини шаффофият барои хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ ва либоси махсус, ташкилоти UNOPS, ки як бахши амалиётҳои СММ барои сохтори Созмони Милал, институтҳои байнулмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва шарикони дигари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ҷалб шудааст.

“Бо назардошти талаботи бесобиқа ба таҷҳизоти тиббӣ, бахусус, ба таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ ва дигар дорувории зиддивирусӣ дар ҷаҳон, айни ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо Ташкилоти “UNOPS” ва ҳамоҳангии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳои мутақобила барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ворид кардани таҷҳизот ва маводи тиббӣ идома дорад. Истифодаи маблағҳои мазкур пас аз анҷом ёфтани расмиёти Бонки ҷаҳонӣ шурӯъ мешавад”, – омадааст дар хабари Вазорати молия.

Ёдрас мекунем, ки 3-юми апрел дар Вазорати молияи Тоҷикистон Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байнулмилалии Рушд (узви Бонки ҷаҳонӣ) вобаста ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба имзо расид. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Рӯзи 13-уми апрел зимни тасдиқи созишнома аз ҷониби парлумон собиқ вазири тандурустӣ Насим Олимзода изҳор дошт, ки аз ҳисоби ин кумак аз ҷумла харидани 100 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пешбинӣ мешавад.

Аммо, қайд карда буд вазири собиқ, вобаста ба афзоиши талабот дар саросари ҷаҳон, арзиши ин дастгоҳ ахиран босуръат боло рафта,  агар як чунин дастгоҳ пештар 10 ҳазор доллар нарх дошт, ҳоло бо арзиши 100-150 ҳазор доллар фурӯхта мешавад.

$11,3 миллиони Бонки ҷаҳонӣ ба чӣ сарф мешавад?

Тибқи маълумоти Вазорати молия, кумаки мазкур аз 4 қисмат иборат буда, мушаххасан амалӣ шудани тадбирҳои зеринро пешбинӣ мекунад:

1. Тақвияти иқтидорҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода кардани ҳадди ақал 100 бистари нав ва хариди дигар маводи ниёзи аввалия барои муқовимат ба пандемия. Бо ин мақсад 6,3 млн. доллар пешбинӣ шудааст;

2. Амалисозии чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи вируси COVID-19, аз ҷумла, тадбирҳо вобаста ба омода кардани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва аҳолӣ. Барои амалисозии ин қисмат 1 млн. доллар ҷудо шудааст;

3. Расонидани кумаки иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мераванд. Қисмати муҳимтарини созишномаи мазкур ба ҳисоб рафта, барои амалӣ кардани он 3 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Татбиқи ин қисмат аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо Тартиби амалкунандаи механизми расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат анҷом дода мешавад;

4. Нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалисозӣ ва мониторинги лоиҳа барои давраи солҳои 2020-2021. Бо ин мақсад дар созишнома 1 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.