Кумаки молиявӣ ба оилаҳои камбизоати Тоҷикистон дар робита ба коронавирус

Оилаҳои осебпазир ва шахсони маъюб дар Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо оид ба муқовимат бо коронавирус кумаки якдафъаинаи молиявӣ мегиранд. Чӣ қадар, алҳол маълум нест. Кумак аз ҳисоби гранти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ расонида мешавад, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Оилаҳои осебпазир ва шахсони маъюб дар Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо оид ба муқовимат бо коронавирус кумаки якдафъаинаи молиявӣ мегиранд. Чӣ қадар, алҳол маълум нест.

Кумак аз ҳисоби гранти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ расонида мешавад, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад.

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод, ки равона шудани ҳудуди 3 млн доллар аз ин кумак ба пардохтҳои фаврии пулии қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, ҳамчунин маъюбон пешбинӣ гардидааст.

Зимни ҷаласа вакилон созишномаи 10-уми феврали соли равон имзошударо дар бораи кумаки молиявӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи вазир, ба тақсими маблағҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар машғул хоҳад шуд, ки рӯйхати гирандагони ин кумакро дар ихтиёр дорад.

Файзуллозода изҳори итминон кард, ки ҷараёни тақсими кумак шаффоф мегузарад.

“Нахуст сухан дар бораи 8,5 млн доллар кумак мерафт, аммо дар ҷараёни гуфтушунид ҳаҷми он то 11,3 млн доллар афзуд. Минбаъд низ имкони зиёд кардани ҳаҷми ин кумак вуҷуд дорад”, – иброз дошт вазири молия.

Зикр гардид, ки маблағҳои ин кумак ба муҷаҳҳаз кардани беморхонаҳо, таҳкими имконоти низоми тандурустии кишвар, омӯзонидани кормандони соҳаи тиб равона хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.