Низомиёни рус дар Тоҷикистон шаҳракҳои ҳарбиро безарар гардониданд

Мутахассисони воҳидҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар иншооти воқеъ дар шаҳракҳои ҳарбии Душанбе ва Бохтар корҳои безараргардонӣ гузарониданд. Бо мошину дастгоҳ ва таҷҳизоти махсуси пойгоҳ беш аз 20 километр роҳҳо ва зиёда аз 300 иншоот безарар гардонида шуданд. Тавре дар сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дода мешавад, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мутахассисони воҳидҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар иншооти воқеъ дар шаҳракҳои ҳарбии Душанбе ва Бохтар корҳои безараргардонӣ гузарониданд.

Бо мошину дастгоҳ ва таҷҳизоти махсуси пойгоҳ беш аз 20 километр роҳҳо ва зиёда аз 300 иншоот безарар гардонида шуданд.

Тавре дар сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дода мешавад, қабати дурушти роҳҳо, намо (фасад)-и биноҳо, майдонҳои бозии кӯдакон, иншооти машқгоҳҳои Лоҳуру Самбулӣ, постгоҳҳои назоратӣ, даромадгоҳҳои иқоматгоҳи сарбозон ва манзилҳои истиқоматӣ тамизу поккорӣ шуданд.

Ғайр аз ин, барои қавӣ гардонидани сироятнопазирӣ (иммунитет)-и сарбозон дар ошхона ба онҳо хӯроки серғизои дорои фитонисидҳо: сирпиёз, меваҳои ситрусӣ, инчунин хӯриш ва нӯшокиҳои витаминдор дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио