Пандемияи COVID-19 ба сохтмони неругоҳи Роғун халал нарасонид

Чун пешина ва то сабти аввалин далели ошкор шудани сирояти коронавирус дар Тоҷикистон охири моҳи апрел ва ҳам имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун наздики 20 ҳазор нафар коргарону муҳандисон фаъолият доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод. Тибқи нақшаи бинокорон, агрегати сеюми Роғун нимаи дуюми соли […]

Аваз Юлдошев

Чун пешина ва то сабти аввалин далели ошкор шудани сирояти коронавирус дар Тоҷикистон охири моҳи апрел ва ҳам имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун наздики 20 ҳазор нафар коргарону муҳандисон фаъолият доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Тибқи нақшаи бинокорон, агрегати сеюми Роғун нимаи дуюми соли 2025 ба истифода дода мешавад.

“Бо фарорасии тобистон бинокорон ҳаҷми корҳои сохтмонро дар иншоот афзуданианд”, – таъкид дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳи Роғун 840 млн кВт-соатро ташкил додааст, ки андаке бештар аз 4%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон дар соли гузашта мебошад.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, аз оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд сомонӣ азхуд шудааст.

Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ иқтидори он 3 ҳазору 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна аст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.