Кормандони муассисаҳои давлатии Душанберо ба рухсатии бемузд мефиристанд

Аз ҳудуди 50%-и кормандони муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд, ба рухсатии бемузд баромадан дархост шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар шаҳрдории пойтахт хабар дод. Ин қарор дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус дар шаҳр қабул шудааст. Ба иттилои манбаъ, танҳо роҳбарони хадамоти шаҳр ва мутахассисони зарурӣ дар […]

Аз ҳудуди 50%-и кормандони муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд, ба рухсатии бемузд баромадан дархост шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Ин қарор дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус дар шаҳр қабул шудааст.

Ба иттилои манбаъ, танҳо роҳбарони хадамоти шаҳр ва мутахассисони зарурӣ дар кор боқӣ мемонанд.

“Қарори мазкур ба хадамоте, ки барои шаҳр ҳаётан муҳиманд, аз ҷумла кормандони тиббӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи энергетика, хадамоти обрасонӣ, таъмини санитария, ҷамъоварии партовҳо ва кормандони раёсати истифодабарии роҳу кӯча ва хиёбонҳо дахл нахоҳад дошт", – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан шаҳдории пойтахт хабар дода буд, ки то 16 май дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус аз 863 ҳазор нафар сокинони шаҳр зиёда аз 512 ҳазор нафар хонанишинанд.

Карантин 403 ҳазору 570 нафар омӯзгорону донишҷён ва хонаагони мактабҳо, кормандону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълими томактабии шаҳри Душанберо фаро гирифт.

Дар ҳамин ҳол, бо дастури президент, ҳамаи муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо дар ҷумҳурӣ ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузаронида мешаванд.

Зимни суханронӣ назди роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон якчанд тадбирҳоеро номбар кард, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат роҳандозӣ гарданд, то ки аз паҳншавии минбаъдаи коронавирус пешгирӣ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.