Ҳавопаймои Украина шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан овард

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Украина 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати «SkyUp Airlines» аз Киев ба Душанбе баргардонида шуданд. Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон бароварда шуданд. Ба иттилои Вазорати […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Украина 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати «SkyUp Airlines» аз Киев ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон бароварда шуданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҳамаи шаҳрвандони омада дар лагери “Барқчиён” ба карантин гирифта шуданд.

Ҳукумат ҳамчунин тасмим гирифт, ки соати 15-и рӯзи 29 май шаҳрвандонро аз Дубай баргардонад. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, аз Аморот ду хатсайр иҷро мешавад. Пеш аз парвоз ҳамаи шаҳрвандон дар фурудгоҳ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Дар ин робита сафорат аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки 4 соат пеш аз парвоз ба Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай ҳозир шаванд.

“Ҳавопаймои “Сомон Эйр” соати 15:00-и рӯзи 29 май бо хастсайри махсуси Дубай – Душанбе парвоз мекунад. Шаҳрвандон 4 соат пеш бояд дар фурудгоҳ бошанд, чунки аз онҳо ташхиси хун гирифта мешавад. Парвози дигари махсуси Дубай – Душанбе соати 11:00-и рӯзи 31 май аз ҷониби ширкати «Fly Dubai» анҷом мепазирад”, – қайд мекунад сафорат.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони хоҳишманди ба Тоҷикистон баргаштан билетҳоро дар сомонаҳои расмӣ ё дар намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе ва Дубай харида метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.