Имрӯз 45 тоҷикистонӣ аз Ҳиндустон ба ватан меоянд

Имрӯз, 27 май 45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун бар асари пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон мондаанд, бо хатсайри махсуси ҳавойи аз Деҳлӣ ба Душанбе меоянд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар хатсайри бозгашт шаҳрвандони Ҳиндустон ба ватан бармегарданд. “Имрӯз соати 17:00 ҳавопаймои хатсайри махсуси Деҳлӣ – Душанбе бо […]

Asia-Plus

Имрӯз, 27 май 45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун бар асари пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон мондаанд, бо хатсайри махсуси ҳавойи аз Деҳлӣ ба Душанбе меоянд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар хатсайри бозгашт шаҳрвандони Ҳиндустон ба ватан бармегарданд.

“Имрӯз соати 17:00 ҳавопаймои хатсайри махсуси Деҳлӣ – Душанбе бо 45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меояд. Ин шаҳрвандон дар доираи барномаҳои таълимии ITEC ва ICCR дар Ҳиндустон ҳузур доштанд. Рӯзи 28 май бо хатсайри бозгашт шаҳрвандони Ҳиндустони муқими Тоҷикистон аз Душанбе ба Деҳлӣ парвоз мекунанд”, – гуфтанд дар сафорат.

Зимнан зикр шуд, ки бо ин хатсайр танҳо донишҷӯёни барномаҳои таълимие, ки аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон маблагғузорӣ шудаанд, оварда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тақдири шаҳрвандони боқимондаи кишвар, ки дар Ҳиндустон ҳузур доранд, алҳол номаълум аст.

Ҳанӯз 19 апрел шаҳрвандони дар Туркия ва Ҳиндустон дармондаи Тоҷикистон ба унвони сарвари давлат бо дархости ба ватан баргардонидани онҳо нома навишта буданд. Он вақт зикр шуда буд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо аз коронавирус сироят наёфта, лекин бинобар сабаби афзоиши шумори беморон, сироят ёфта метавонанд.

Рӯзи 7 май бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии барои мубориза бо коронавирус пешбинишуда ба Тоҷикистон  ворид карда шуд.

Ғайр аз ин, бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони COVID-19 низ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио