Манъи кори бозорҳои либосфурӯшии пойтахт то 15 июн тамдид шуд

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) муҳлати қатъи фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоси пойтахтро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июн дароз кард. Гуфта мешавад, то ин муддат кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо низ баста боқӣ мемонанд. Ба иттилои дафтари […]

Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) муҳлати қатъи фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоси пойтахтро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июн дароз кард.

Гуфта мешавад, то ин муддат кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо низ баста боқӣ мемонанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан фаъолияти меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳои пойтахт низ то 31 май манъ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.