Даргузашти Сайфиддин Тӯраев, собиқ номзад ба президентӣ дар солҳои 90-ум

Имрӯз дар Истаравшан сиёсатмадори маъруф дар замони пешин, собиқ номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон Сайфиддин Тӯраев дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Акбар Маъруфов, раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Истаравшан, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Тӯраев бар асари бемории қалб даргузашт ва маросими дафнаш баъд аз зуҳри имрӯз баргузор мешавад. "Он кас бемори қалб […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Истаравшан сиёсатмадори маъруф дар замони пешин, собиқ номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон Сайфиддин Тӯраев дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Акбар Маъруфов, раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Истаравшан, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Тӯраев бар асари бемории қалб даргузашт ва маросими дафнаш баъд аз зуҳри имрӯз баргузор мешавад.

"Он кас бемори қалб буданд ва аз ин маризӣ даргузаштанд. Чанд сол боз дар Истаравшан мезистанд. Ба сабаби бемории ҳамагир эҳтимол дар маросими ҷаноза одами бисёр ҷамъ наояд", – гуфтааст номбурда.

Гуфта мешавад, қарор аст, ҷасади Сайфиддин Тӯраевро дар оромгоҳи "Калламанора", ки падараш дар он ҷо дафн шудааст, ба хок супоранд.

Сайфиддин Тӯраев зодаи шаҳри Истаравшан (собиқ Ӯротеппа) буда, хатмкардаи Донишкадаи нассоҷии Маскав (соли 1973) ва Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1989-1991) мебошад.

Аз соли 1973 то 1986 дар Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа фаъолият намуда, сар аз коргару усто то ба мансаби директори фабрика расид.

Тӯли солҳои 1986-1989 вазири хизмати маишии ҶШС Тоҷикистон ва давоми солҳои 1991-1992 ба ҳайси муовини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Соли 1992 дар қатори 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бӯрихон Салимов, Бобишо Шоев ва дигарон ба мансаби президентӣ довталабӣ карда буд.

Дар интихоботи президентии соли 1992 низ номазадии худро пешбарӣ карда, лекин бо сабаби ба миқдори кофӣ ҷамъ оварда натавонистани имзо, ба қайд гирифта нашуд.

Баъд аз ин саҳнаи сиёсатро тарк карда, ба зодгоҳаш баргашт ва ба тиҷорат машғул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.