Вазири тандурустӣ: “Нуқтаи авҷи коронавирус паси сар шуд!”

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба ҳафтавори “СССР” изҳор доштааст, ки нуқтаи авҷи бемории корнавирус дар ҷумҳурӣ паси сар шуд. “Нахустин беморони гирифтори COVID-19 дар кишвари мо рӯзи 30 апрел ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯи таҳлилҳое, ки мо ҳамарӯза мегузаронем, ба 15 майи соли ҷорӣ рост омадааст. […]

Ҳафтаномаи СССР

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба ҳафтавори “СССР” изҳор доштааст, ки нуқтаи авҷи бемории корнавирус дар ҷумҳурӣ паси сар шуд.

“Нахустин беморони гирифтори COVID-19 дар кишвари мо рӯзи 30 апрел ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯи таҳлилҳое, ки мо ҳамарӯза мегузаронем, ба 15 майи соли ҷорӣ рост омадааст. Яъне 15 май нуқтаест, ки аз ҳама бештар беморон мушоҳида ва ташхис гардидаанд. Пас аз он раванди пастшавии авҷи беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон каму сиҳатёфтагон рӯ ба афзоиш ниҳод. Тавре мебинед рӯзҳои ахир фавт ҳам камтар ба қайд гирифта шуда, дар 2 рӯзи гузашта ягон ҳолати талаф ба вуқӯъ напайвастааст”, – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид доштааст, ки  на ҳамаи он бемороне, ки ба воситаи тест ташхис мешаванд, сироятёфтаи COVID-19 ҳастанд.

“Ин одамон масалан, қаблан ҷарроҳии дил ё шунтпайванд ва ё диабети қанд доштанд. Дар чунин ҳолатҳо камтарин тарсу ҳарос метавонад паёмадҳои нохуш биёрад. Маҳз ҳамин тарсу ҳарос буд, ки шумораи зиёди мардумро ба беморхонаҳо оварду навбатҳои дароз дар паси дари утоқҳои рентгену флюрография пайдо шуданд… “, – қайд кардааст Абдуллозода.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки беморхонаву дармонгоҳҳои сайёри холӣ гувоҳи коҳиши гирифторӣ ба ин беморӣ мебошад.

“Беморхонаву госпиталҳои мобилӣ, ки барои резерв тайёр карда шудаанд, ҳанӯз холианд. Хушбахтона, ин госпиталҳои мобилӣ то ба имрӯз ба мо лозим нашуданд  ва Худо кунад, ки лозим наоянд. Дигар беморхонаҳоямон ҳам холӣ шуда истодаанд, теъдоди беморон кам мешавад”, – изҳор доштааст вай.

Абдуллозода гуфтааст, аз ҳамин ҳафта беморони COVID-19 танҳо дар 2 беморхонаи сироятӣ – қисман дар “Шифобахш” (Қарияи Боло) ва ду корпуси беморхонаи “Истиқлол” қабул карда мешаванд. Дигар беморхонаҳо, аз ҷумла беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” озод карда мешаванд.

Вазири тандурустӣ ҳамчунин қайд кардааст, ки дар ҷумҳурӣ барои муолиҷаи коронавирус тамоми доруворӣ ва маводи тиббии зарурӣ кофӣ мебошад.

“Тамоми таҷҳизот ва доруворие, ки барои табобат бар зидди вирусҳо лозим асту дар ҳамаи ҷаҳон истифода карда мешавад, дар анборҳои Вазорати ба миқдори кофӣ ва ҳатто бештар аз он захира шудааст. Ман ҳамарӯза ба сардухтурони шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат супориш медиҳам, ки омада, тибқи дархост дорувории лозимаро гирифта, бурда дар анборҳои худ захира кунанд ва ба бемороне, ки бо чунин ташхис дар бемористон ва ҳатто хонаҳо табобат мегиранд, ройгон тақсим кунанд”, – таъкид доштааст ӯ.

Зикр шудааст, ки дар анбори вазорат ва муассисаҳои тандурустии кишвар миқдори лозимии «Арбидол»-у «Эргоферон», «Иммунал», «Левофлакцин», «Амиксин», «Азитромицин», «Гидроксихлорохин», «Делагил», витамину маҳлулҳо, дар умум чизҳое, ки дар тавсия ва протоколи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешбинӣ шудааст, вуҷуд дорад.

“Ғайр аз ин, 2-3 миллион ниқоб захира карда, айни замон дар таъминоти сарулибоси духтурон низ набояд мушкил пеш ояд, зеро истеҳсоли сарулибосро хуб ба роҳ мондаем. Беҳуда натарсед, ба воҳима дода нашавед, дору нахаред, зеро доруву дармон, кат, хизматрасонӣ, беморхона, хӯрокворӣ барои мубталоёни коронавирус 100% ройгон аст!!!”, – изҳор доштааст вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.