Дар Душанбе микрорайони нав сохта мешавад

Date:

Микрорайони нави “Лучоб дар пойтахти Тоҷикистон дар майдони 25 гектар сохта мешавад. Дар он ҳудуди 30 хонаи баландошёна, иншооти соҳаи маориф, таъиноти иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд карда мешаванд.

Тавре ба Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар микрорайони нав, ки дар мавзеи боғи фарҳангу истироҳати “Умари Хайём” бунёд мегардад, ширкати ватании “Себистон машғул аст.

Лоиҳаи сохтмони микрорайон аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати пойтахт дар доираи амалисозии Нақшаи генералии Душанбе лоиҳакашӣ шуда, анҷоми сохтмони он моҳи сентябри соли 2022 дар назар аст.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт 5 микрорайони нав таъсис дода мешавад.

Дар микрорайонҳои нав ба ҷуз биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда кӯчонида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...