МегаФон Тоҷикистон ба машғулияти фитнес тариқи онлайн даъват менамояд

МегаФон Тоҷикистон ба сокинони кишвар пешниҳод намуд, ки ба варзиш ба тариқи онлайн машғул шаванд. Машғулиятҳои ҳавасмандкунандаи видеоӣ, ки аз ҷониби оператор дар ҳамкорӣ бо фитнес-блогер ва устоди йога Азиза Эгамова омода карда шудаанд, ба ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз омодагии ҷисмониашон кӯмак мекунанд, ки нерӯи ҷисмонии худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд.  Лоиҳаи “Фитнес Онлайн” […]

Иттилоияи расмӣ

МегаФон Тоҷикистон ба сокинони кишвар пешниҳод намуд, ки ба варзиш ба тариқи онлайн машғул шаванд. Машғулиятҳои ҳавасмандкунандаи видеоӣ, ки аз ҷониби оператор дар ҳамкорӣ бо фитнес-блогер ва устоди йога Азиза Эгамова омода карда шудаанд, ба ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз омодагии ҷисмониашон кӯмак мекунанд, ки нерӯи ҷисмонии худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд. 

Лоиҳаи “Фитнес Онлайн” дар саҳифаҳои расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоии “ВКонтакте”, Facebook, Telegram, Instagram ва YouTube роҳандозӣ карда шудааст. Дар онҳо метавон дарсҳои видеоии иборат аз машғулиятҳои асосӣ: машқҳои зӯрталаби шиддатнок барои ҳамаи мушакҳо, пилатес, ёзониш ва амсоли инҳоро пайдо намуд. Машғулшавӣ ба варзиш ба тариқи онлайн бе лавозимоти махсус комилан имконпазир буда, машқҳо бо назардошти бехатарии максималии онҳо интихоб карда шудаанд – онҳоро ҳатто варзишгари навомӯз иҷро карда метавонад. Инчунин метавон якҷоя бо кӯдакон машқҳоро иҷро намуд. 

“Агар Шумо дар хона бошед, ин барои қатъи машқҳо сабаб шуда наметавонад! Видеороликҳои мо бо маҷмӯи машқҳои муайян ба Шумо имкон медиҳанд, ки намуду андоми намунавии худро дар шароити хона нигоҳ дошта, вақтро ҳамроҳи оила хуш ва бо манфиат гузаронед”, –  мегӯяд Азиза ЭГАМОВА.

“Фитнес Онлайн – аввалин лоиҳа дар байни лоиҳаҳои шабеҳи дигар мебошад, ки мо барои муштариёни худ роҳандозӣ мекунем. Олами муосири рақамӣ хеле ҷолиб ва серҷабҳа мебошад. Бо ёрии интернет метавон ҳатто ҳангоми дар хона будан нерӯи ҷисмонии худро нигоҳ дошт, нисбати саломатии худ ғамхорӣ зоҳир намуд ва донишҳои заруриро ба даст овард. Ба наздикӣ мо муштариёни худро бо онлайн-лоиҳаҳои нави худ хушҳол хоҳем кард!” – изҳор дошт Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст