Сел ба роҳи байни деҳаҳои шаҳри Роғун осеб расонид

Нимаи дуюми рӯзи 9-уми июн бар асари боронҳои пуршиддат ва жола дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун сел омад. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, дар натиҷа ба роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии  деҳаҳои Луғури боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх ва Кали Бек зарар расонида шудааст. Гуфта мешавад, инчунин 3 пули хурд, 4 […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 9-уми июн бар асари боронҳои пуршиддат ва жола дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун сел омад.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, дар натиҷа ба роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии  деҳаҳои Луғури боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх ва Кали Бек зарар расонида шудааст.

Гуфта мешавад, инчунин 3 пули хурд, 4 симчӯби барқӣ  қисман осеб дида, 3 чорвои калони  сокинони деҳаи Санги Сурх талаф ёфтааст.

“Ба ҷои ҳодиса Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сафарбар шудаанд ва ҳоло ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад. Корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ оғоз шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Бо вуҷуди огоҳиҳои чандинкаратаи Кумита дар бораи риояи қоидаҳо ҳангоми оббозӣ, нигоҳубину бе назорат нагузоштани кӯдакон назди кӯлу обанбор ва дарёҳо, мутассифона, на ҳама онҳоро ҷиддӣ ба эътибор мегиранд.

Ба иттилои Кумита, рӯзи 8 июн як навраси 10-сола дар заҳбури поёни деҳаи Комсомоли ноҳияи Кӯшониён ғарқ шудааст. Ин наврас ба танҳоӣ дар ин заҳбур шиноварӣ мекардааст. Иллати аслии ғарқ шудани вай маълум нест, вале тахмин меравад, ки аз беэҳтиётӣ гирифтори ин фоҷеа шуда бошад.

Гуфта мешавад, баъди дарёфти хабари фаврӣ субҳи рӯзи 9-ум наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон  ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда,  соати 14:06 дақиқа ҷисми беҷони наврасро  3 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар мавзеи деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ пайдо карданд ва онро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.