ИМА Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои поймолгари ҳуқуқҳои динӣ боқӣ гузошт

Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард. Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико омадааст, дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои пӯшидани ҳиҷоб ё мондани риш азият мешаванд ва давлат иштироки занону ноболиғонро дар маросими динӣ маҳдуд кардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, […]

Радиои Озодӣ

Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико омадааст, дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои пӯшидани ҳиҷоб ё мондани риш азият мешаванд ва давлат иштироки занону ноболиғонро дар маросими динӣ маҳдуд кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар гузориш қайд мешавад, ки маъмурони ҳукуматӣ занонро аз пӯшидани ҳиҷоб ва ё либоси бегона ба фарҳанги миллӣ манъ мекунанд: "Бар асоси қоидаҳои пазируфташуда (ғайрирасмӣ), ҳиҷоб ба рӯйхати либосҳои миллӣ дохил намешавад, ҳарчанд анъанаҳои либоспӯшии занон аз ҷумла пӯшидани сарро дар худ ҷой додааст."

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфта мешавад, ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва дар кишвар масеҳиёну яҳудиён низ ба сар мебаранд.

Муаллифони гузориши Департаменти Амрико аз таъқибу азияти ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон бахусус ҳабси пайравони ҷараёни масеҳии "Шоҳидони Яҳво" нигаронӣ кардаанд. Дар гузориш номи Шамил Ҳакимов, пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро зикр кардаанд, ки соли гузашта дар Хуҷанд бо гуноҳи “барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Инчунин гузориш аз он мегӯяд, ки мақомоти тоҷик чанд пайрави ин ҷараёни мазҳабиро дар соли гузашта бозпурсӣ кардаанд.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомот фаъолияти равияи “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ карданд, чун пайравони он аз хидмат дар артиш саркашӣ карданд. Дар гузориш аз қавли пойгоҳи “Форум 18” гуфта мешавад, дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ба зидди пайравони равияи “Шоҳидони Яҳво” рейдҳои пулис сурат гирифта, телефону шиносномаҳои он мусодира шудааст.

Амрико чаҳор соли ахир Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кардааст, ки пайваста ва мудавом “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё поймол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”

Бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримҳо ҷорӣ кунад, вале расман гуфтааст, ки бо назардошти аҳамияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.