Душанбе. 9-уми июн. «Азия-Плюс» – Муддати як ҳафта мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи тибби ҶИЭ Акрами Пуршамс бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд. Бино ба иттилои Фотима Яқубова, сухангӯи Вазорати тандурустии ҶТ, ба ҳайат 4 нафар доктори эронӣ – мутахассисони Маркази тадқиқоти муҳити зисти донишгоҳ шомил буданд. Ба қавли ӯ, дар дидор бо муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов масоили ҳамкории тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳайати эронӣ аз Донишкадаи гастроэнтерологии Академияи улуми ҶТ, беморхонаи марказии ёрии таъҷилии пойтахт боздид карда, ҳамчунин бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов мулоқот карданд, – идома дод Ф.Яқубова. – Зимни дидор ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқотии мазкур ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони тоҷик дар Эрон заминаи боэътимод хоҳад гузошт».
Олимони соҳаи тибби Эрон бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд
Тарҷумаҳо: