“Истиқлол”-у “Хатлон дар садри ҷадвал боқӣ монданд

Date:

Пас аз таваққуф бинобар сабаби пандемияи коронавирус бозиҳои даври 5-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯриҳо рӯзҳои 16-17 апрел доир гардида, бо натиҷаҳои зайл анҷом пазируфтанд: «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:6; «Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2; КМВА (ЦСКА) – «Файзқанд» – 1:1; «Хатлон» – «Душанбе-83» – 1:0 ва «Кӯктош» – «Локомотив-Помир» – 1:0.

Пас аз 5 давр ду даста “Истиқлол” ва “Хатлон” бо касби 13-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор дошта, зинаи сеюмро бо 10 имтиёз “Хуҷанд” ишғол мекунад.

Ҷадвали мусобиқа пас аз 5 давр:

 №

 Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

4

1

0

23-4

13

2

«Хатлон» (Бохтар)

5

4

1

0

11-7

13

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

10-7

10

4

«Файзқанд» (Восеъ)

5

2

3

0

8-6

9

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

2

2

1

6-7

8

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

5

1

1

3

6-9

4

7

КМВА (ЦСКА) (Душанбе)

5

1

1

3

6-9

4

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

1

1

3

8-12

4

9

«Душанбе-83» (Душанбе)

5

1

1

3

2-10

4

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

0

0

5

4-13

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон»), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳар ду – «Истиқлол») – 4-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври шашум рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта бургузор мешаванд – 20 июн: «Файзқанд» – «Хуҷанд» ва «Истиқлол» – «Истаравшан»; 21 июн: «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ», «Душанбе-83» – «Кӯктош» ва КМВА (ССКА) – «Хатлон».

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Федератсия, баргузории чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам мешавад. Ба ин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои мавсими имсола дастаҳо ҳамагӣ 18 бозӣ мегузаронанд. Вохӯриҳо алҳол бе ҳузури тамошобинони баргузор мешаванд.

Гузориши видеоии мо аз ҷараёни бозии аввали чемпионати Тоҷикистон пас аз танаффуси 50-рӯза.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...