Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба 11 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Первомайскии Бишкек собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро барои даст доштан дар коррупсия зимни озод кардани ҷинояткори маъруф Азиз Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора имрӯз, 23-юми июн хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст. “Суд Отамбоевро гунаҳкор эътироф намуда, қарор кард, ки ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Первомайскии Бишкек собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро барои даст доштан дар коррупсия зимни озод кардани ҷинояткори маъруф Азиз Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора имрӯз, 23-юми июн хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст.

“Суд Отамбоевро гунаҳкор эътироф намуда, қарор кард, ки ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 2 моҳ бо мусодираи мукофотҳои давлатӣ ва амвол таъин карда шавад”, – қироат кардааст ҳалномаи худро додрас.

Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд.

Ба гуфтаи адвокат Сергей Слесарёв, зерҳимояи ӯ Отамбоеви 64-сола аз суханронии ниҳоӣ дар суд худдорӣ кард. Ҳамаи иштирокчиёни парванда, ки дар бораи ҳамкорӣ созишнома бастаанд, ба гуноҳашон иқрор нашудаанд.

Адвокат хабар додааст, ки айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз суд дархост кардааст, амволи Отамбоев, ҳамаи хешовандони ӯ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ мусодира карда шавад.

Аввали моҳи августи соли 2019 дар Кой-Тош дастаи таъиноти махсуси КДАМ зимни ҳамла собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро боздошт карда буд. Ҷонибдорони ӯ кӯшиш карданд, ки дар маркази Бишкек гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳо барпо кунанд.

Аммо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки вазъиятро зери назорат нигоҳ доранд. Ӯ боздошт гардид. Рӯзи 9-уми августи соли гузашта ба собиқ президент аз рӯйи парвандаи озод кардани Батукаев айбнома пешниҳод шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.