Бидон, чиро мебинӣ! 5 стратегия барои рушди тафаккури интиқодӣ

Рушди тафаккури интиқодӣ дар замони имрӯза хеле муфид аст, зеро дар як мижа задан ба сомонаҳои интернетӣ миллиону миллиардҳо иттилооти гуногун ворид мегарданд. Агар шахс тафаккури интиқодӣ надошта бошад, паҳнкунандагони иттилооти бардурӯғу мақсаднок метавонанд тафаккури хонандаро ба самти ба худашон лозим равона созанд.  Аз ин сабаб ҳар як шахс бояд аз тафаккури интиқодӣ огоҳӣ дошта бошад ва […]

Рушди тафаккури интиқодӣ дар замони имрӯза хеле муфид аст, зеро дар як мижа задан ба сомонаҳои интернетӣ миллиону миллиардҳо иттилооти гуногун ворид мегарданд. Агар шахс тафаккури интиқодӣ надошта бошад, паҳнкунандагони иттилооти бардурӯғу мақсаднок метавонанд тафаккури хонандаро ба самти ба худашон лозим равона созанд. 

Аз ин сабаб ҳар як шахс бояд аз тафаккури интиқодӣ огоҳӣ дошта бошад ва онро рӯз ба рӯз рушд диҳад. Имрӯз мо тасмим гирифтем барои хонандагон дар бораи чӣ тавр рушд додани тафаккури интиқодӣ маълумот пешниҳод намоем. Дар матлаби мо Шумо метавонед 5 стратегияи рушди тафаккури интиқодиро омӯзед:

Вақтро бефоида сарф накунед

Вақтро ҳамеша метавон пайдо кард, агар аз амалу чизҳои бефоида даст кашед. Шумо худ беҳтар медонед, ки чиз ва ё кори бефоида барои шумо чист. Ин метавонад даромадан ба сомонаҳои гуногуни интернетӣ, гуфтугӯи бисёри бемақсад бо телефони мобилӣ, вақтгузаронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё гузаронидани вақт дар фикри гузаштаву оянда бошад. Вақти холигии худро шумо метавонедсамаранок истифода баред: хондани китобҳо, омӯзиши забонҳо, тамошои видеоҳои омӯзишӣ, ҷӯстани далелҳои нав ва ғайра. Барои чизҳои зарурӣ вақт гузоред ва аз кору амалҳои нодаркори худ даст кашед.

Ҳар рӯз як мушкилатонро баррасӣ кунед

Шумо ҳатман ҳаррӯз банди коре ҳастед, ки бояд онро ба сомон расонед. Ба он машғул шавед, аммо вақте онро ба итмом расонеду дақиқаҳои холӣ пайдо намудед, як мавзӯи хос ё мушкилотатонро барои омӯзиш интихоб намоед.

Мушкилӣ аз чӣ иборат аст? Онро дар шакли саволӣ ё тасдиқӣ баён кунед. Он чӣ гуна ба мақсад ва эҳтиёҷоти шумо таъсир мерасонад? Маълумоти марбут ба мушкилоти худро мақсаднок ҷӯед ва онро аз тамоми нуқтаи назар омӯзед. Агар маълумотҳои ёфтаатон кам бошад, якчанд китоб дар ин мавзӯъ хонда чизҳои лозимаро навишта гиред ва пас ба ҳал кардани мушкилиатон пардозед.

Фаромӯш накунед, мақсади асосии шумо рушд додан ё пайдо кардани тафаккури интиқодист, бинобар ин ба ҳама иттилооти дарёфткардаатон бо шубҳа нигоҳ кунед ва хуб санҷед. Шахсе, ки барои соҳиб шудани дониши ҳақиқӣ кӯшиш намекунад, аз тарси душворӣ аз роҳи худ мегардад. Шумо аввал маслиҳатҳоро дар амал санҷед, маълумотро тафтиш кунед ва танҳо пас аз он ҳукм бароред.

Занҷираи ҳодисаҳо чунинанд: муайян кардани мушкилот – таҳлил – таҳияи вариантҳои амал – интихоби варианти амал – таҳияи стратегия ва равиш – амал.

Эҷоди меъёрҳои интеллектуалӣ

Барои худатон меъёрҳои интелектуалӣ эҷод кунед ва кӯшиш кунед онҳоро пайваста роия намоед. Онҳо метавонанд чунин бошанд: дақиқ, возеҳ, саҳеҳ, муҳим, амиқ, мантиқӣ ва аҳамиятнокӣ. Як ҳафтаро шумо метавонед барои дақиқ кардани фикр ва суханони худ равона кунед. Ҳафтаи дигарро ба қобилияти ошкоро баён кардани андешаи худ ба дигарон ҷудо намоед. Ҳафтаи сеюмро бошад ба ҷустуҷӯи синонимҳо ва метафораҳои ғояҳои худ равона кунед.

Таъсиси маҷаллаи зеҳнӣ

Ҳар ҳафта одат кунед ба мавзӯи муайян гузаред. Шумо метавонед формати зеринро истифода баред:

Вазъият. Онро батафсил ва аз нуқтаҳои гуногун тавсиф кунед: эҳсосӣ, мантиқӣ, илмӣ.

Аксуламали шумо. Шумо ба вазъ чӣ гуна баҳо додед?

Таҳлил. Таҳлил кунед, ки воқеан чӣ шуд. Моҳияташро ҷустуҷӯ кунед.

Баҳо. Корҳои иҷрошударо баҳо диҳед. Кадом норасогиҳои тафаккуратонро дарк кардед? Оё ягон ҳолати гумроҳӣ буд?

Характер ва тафаккуратонро тағйир диҳед

Тафаккурро тағйир додан кори осон нест ва мутолиаи як китоб ҳам кофӣ нест. Шумо бояд он сифатҳоеро инкишоф диҳед, ки ба ҷовидонагиии тафаккури интиқодӣ кӯмак мерасонанд: интизом ва ирода, субот, далерӣ, хоксории ақлӣ. Охирин маънои онро дорад, ки фикри шумо ҳам метавонад хато бошад. Шумо бояд на танҳо нисбати фикри ягон шахси дигар, балки андешаи худ низ бо тафаккури интиқодӣ назар кунед. Мағрурии зеҳнӣ роҳи зудтарини гумроҳӣ мебошад.

Шахсоне, ки тафаккури интиқодӣ доранд, фиреб кардан душвор аст, зеро онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, маълумотро тафтиш кунанд, зудбовар нестанд. Албатта, барои ҳама чиз вақт зарур аст, аммо вақте сухан дар бораи нуктаҳои муҳим меравад, ин тарзи фикрронӣ кӯмак мерасонад. Агар шумо дар бораи тафаккури интиқодӣ ва роҳҳои ташаккули он маълумоти бештар гирифтан хоҳед, дар ин мавзӯъ китоби бештар хонед. 

Ба шумо барор мехоҳем! 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.