Ҷонибдории парлумон аз пешниҳоди имтиёзҳо ба тиҷорат дар замони пандемия

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 24 июн пешниҳоди ҳукуматро дар мавриди пешниҳоди имтиёзҳо ба аҳолӣ ва тиҷорати хурду миёна бо мақсади пешгирии таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дастгирӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон фармонро дар ин хусус 5 июн имзо кард. Дар он аз ҷумла қайд мешавад, ки аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 […]

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 24 июн пешниҳоди ҳукуматро дар мавриди пешниҳоди имтиёзҳо ба аҳолӣ ва тиҷорати хурду миёна бо мақсади пешгирии таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дастгирӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон фармонро дар ин хусус 5 июн имзо кард. Дар он аз ҷумла қайд мешавад, ки аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ шуда, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ мешавад.

Ғайр аз ин, мувофиқи ин фармон, аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод карда мешаванд.

Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият мекунанд, дар ҳамин давра аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

Бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи ҷорӣ шудани дигар имтиёзҳо бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, 24-уми июн дар парлумон гуфтааст, ҳукумат талош дорад аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ маблағ ҷамъ карда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ харҷ кунад.

Ба таъкиди Қаҳҳорзода, Тоҷикистон дар асоси низоми қарзгирии оҷилӣ аз Хазинаи байнулмилалии асъор 189,5 миллион доллар қарз гирифта, ин маблағ ба муҳлати 10 сол ва бе фоиз ба Тоҷикистон дода мешавад.

Вазири молия дар назди вакилон ҳамчунин изҳор доштааст, ки музокироти онҳо бо Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди Авруосиёии Рушд ва дигар созмонҳои молиявӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.