Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори беморон ба 5900 нафар расид

Date:

Шумори умумии сироятёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 29-уми июн 5 ҳазору 900 нафарро ташкил додааст.

Тӯли шабонарӯзи гузашта 51 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуда, теъдоди расмии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 52 нафар боқӣ мемонад.

АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва зифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст, ки то 29-уми июн 264 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба 4 ҳазору 506 (76,3%) нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тавре РБК хабар медиҳад, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус рӯзи 29-уми июн изҳор доштааст, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон дар арафаи анҷомёбӣ қарор надошта, баръакс суръат мегирад. Шурӯъ аз 18-уми июн қариб ҳар рӯз дар дунё беш аз 150 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ зикр кардааст, ки  давоми 6 моҳ аз эълони нахустин ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Чин, дар саросари дунё беш аз 10 млн нафар ба коронавирус сироят ёфта, бар асари он 500 ҳазор кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...