Бинобар коронавирус дар Тоҷикистон истеҳсоли хлор оғоз шуд

Дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат” ба истеҳсоли гипохлориди натрий оғоз карданд. Ин яке аз воситаҳои беҳтарини маъруфест, ки фаъолнокии зиёди зиддибактериалӣ нишон медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси «COVID-19» бо дастгирии ин Вазорат Пажуҳишгоҳи «Саноат» истеҳсоли гипохлориди натрийро ба роҳ мондаааст. Гуфта мешавад, ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат” ба истеҳсоли гипохлориди натрий оғоз карданд.

Ин яке аз воситаҳои беҳтарини маъруфест, ки фаъолнокии зиёди зиддибактериалӣ нишон медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси «COVID-19» бо дастгирии ин Вазорат Пажуҳишгоҳи «Саноат» истеҳсоли гипохлориди натрийро ба роҳ мондаааст.

Гуфта мешавад, ин кор бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ бо ин маводи безараргардонӣ роҳандозӣ шудааст.

Қайд мешавад, ки гарчанде аввалин бор гипохлориди натрий NaClO зиёда аз 230 сол пеш истеҳсол шуда бошад ҳам, ба истеҳсоли он дар Тоҷикистон бори нахуст машғул мешаванд. То ин дам он аз хориҷи кишвар оварда мешуд.

Муайян карда шудааст, ки қисми асосии гипохлориди натрий барои истифодаи саноатӣ барои истифодаи дохилӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ масраф карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз аввалин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар аз коронавирус ҳукумати Тоҷикистон 30 апрел маълумот дод.

То шоми 2 июн дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор ҳолати сироятёбии одамон аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.