Футболбози тоҷик дар мусобиқаи Лигаи Аврупо бозӣ мекунад

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо дастаи худ ба дарёфти Ҷоми Булғористон шарафёб гардид. Ин ғалаба ба дастаи Умарбоев имкон медиҳад, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо иштирок кунад. Дар Булғористон бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми ин кишвар доир гардида, “Локомотив” бар дастаи ССКА (София) дастболо […]

Asia-Plus

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо дастаи худ ба дарёфти Ҷоми Булғористон шарафёб гардид. Ин ғалаба ба дастаи Умарбоев имкон медиҳад, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо иштирок кунад.

Дар Булғористон бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми ин кишвар доир гардида, “Локомотив” бар дастаи ССКА (София) дастболо шуд. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар задани зарбаҳои 11-метра “Локомотив” бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад.

Футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев дар ҳайати асосии даста баромада, 109 дақиқа бозӣ кард ва ба баҳои баланди мутахассисон сазовор гашт.

Бо дарёфти Ҷоми Булғористон дастаи Умарбоев ду сол пайдарпай барои иштирок дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо-2020/2021 ҳуқуқ пайдо намуд.

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвиз Умарбоев аз соли 2016 дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад. Дар зарфи 4 сол Умарбоев дар ҳайати ин даста беш аз 100 бозӣ гузаронидааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи фарзияи интернет-поратли маъруфи Олмон – transfermarkt.de, ки махсус ба муайян кардани арзиши бозигарон машғул аст, Умарбоев гаронтарин футболбоз дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Ҳанӯз чанде пеш transfermarkt.de нархи Парвиз Умарбоевро 500 ҳазор евро муайян карда буд. Акнун нархи Парвиз якбора 100 ҳазор афзуда, ба 600 ҳазор евро расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.