Ҷавони 25-сола барои фурӯши силоҳи сард дар Душанбе дастгир шуд

Date:

Милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартии «Корд» як сарчашмаи паҳнкунандаи чунин ашёро муайяну боздошт кардааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ин нафар шаҳрванд Дидор Слезен, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Наврӯз мебошад, ки бо мақсади хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла, корд машғул будааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид карда, мефурӯхтааст. Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди силоҳи сард, аз ҷумла, 2 дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус дарёфту мусодира шуданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ӯ барои фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...