Тоҷикистон номгӯйи маҳсулоти зери карантинро тасдиқ кард

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯйи маҳсулоти зери карантин қароргирифтаро тасдиқ кард, ки ба он 145 номгӯйи маҳсулот дохил шуд. Маҳсулоти ба ин номгӯй воридшуда бояд аз карантини давлатии фитосанитарӣ дар постгоҳҳои сарҳадӣ гузарад. Дар ин бора хабаргузории Avesta.Tj иттилоъ медиҳад. Қарори дахлдор дар ин хусус охири моҳи июни ҳамин сол қабул шудааст. Ба номгӯйи маҳсулоти зери карантин, […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯйи маҳсулоти зери карантин қароргирифтаро тасдиқ кард, ки ба он 145 номгӯйи маҳсулот дохил шуд.

Маҳсулоти ба ин номгӯй воридшуда бояд аз карантини давлатии фитосанитарӣ дар постгоҳҳои сарҳадӣ гузарад. Дар ин бора хабаргузории Avesta.Tj иттилоъ медиҳад.

Қарори дахлдор дар ин хусус охири моҳи июни ҳамин сол қабул шудааст.

Ба номгӯйи маҳсулоти зери карантин, аз ҷумла шири хушк, харбузу тарбуз, банан, ситрусиҳо, картошка, помидор, қаҳва, чой аз Парагвай, равған аз тухми офтобпараст, орди гандум ва ғайра дохил шудаанд.

Дар замима ба ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ба номгӯй маҳсулоте ворид шудааст, ки метавонад сарчашмаи пайдоиши организмҳои зараровар гардида, ба паҳншавии онҳо мусоидат намояд.

Мувофиқи қонуни Тоҷикистон дар бораи карантин ва ҳифзи рустаниҳо, маҳсулоти зери карантин қароргирифта дар постгоҳоии назоратии сарҳадӣ санҷида мешавад.

Дар қонун қайд мешавад, ки агар маҳсулоти зери карантин қароргирифта аз организмҳои зараровар сироят ёфта бошад, дар постгоҳҳои назоратии Тоҷикистон пас аз баргузории санҷиш ба хатарнокии фитосанитарӣ бояд фумигатсия (тамйиз) карда шавад, яъне зараррасонҳо ва барангезандгони бемориҳо ба воситаи заҳролудкунии онҳо бо буғҳои заҳрдор ё газҳо нобуд карда шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.