Ошӯби муҳоҷирон дар сохтмони корхонаи коркарди газ дар Русия

Дар бетартибиҳое, ки рӯзи 13 июл аз ҷониби бинокорони корхонаи коркарди гази Амур содир шуд, наздики 300 нафар иштирок крадаанд. Тавре РБК хабар медиҳад, муҳоҷирон дафтари кории ширкатеро, ки паймонкори бунёди корхонаи коркарди газ аст, вайрон кардаанд. Раёсати минтақавии тафтишоти Кумитаи тафтишот сабаби ошӯбро мушкили пардохти маош унвон мекунад. Аз рӯйи далели содир гардидани бетартибиҳои […]

Asia-Plus

Дар бетартибиҳое, ки рӯзи 13 июл аз ҷониби бинокорони корхонаи коркарди гази Амур содир шуд, наздики 300 нафар иштирок крадаанд.

Тавре РБК хабар медиҳад, муҳоҷирон дафтари кории ширкатеро, ки паймонкори бунёди корхонаи коркарди газ аст, вайрон кардаанд.

Раёсати минтақавии тафтишоти Кумитаи тафтишот сабаби ошӯбро мушкили пардохти маош унвон мекунад. Аз рӯйи далели содир гардидани бетартибиҳои оммавӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, сабаби мухолифат баҳсҳо байни коргарони Renaissance Heavy Industries ва раҳбарияти он дар мавриди мукофотпулии иловагӣ аст.

Навори видео аз ин ошӯбро портали АСН24 нашр кардааст.

“Ташкилоти паймонкор (Renaissance Heavy Industries) “саривақт ва мунтазам маблағи иҷрои корҳоро дар доираи уҳдадориҳои шартномавӣ аз рӯйи лоиҳа мегирад”, – хабар медиҳад манбаъ.

Дар корхонаи коркарди гази Амур таъкид доштаанд, ки ширкатҳои идоракунандаи лоиҳа назди Renaissance Heavy Industries қарзе надоранд.

Бино ба маълумоти торнамои Vesti.ru, коргарон баланд бардоштани маош ва пардохти онро дар се моҳи карантин талаб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.