БМТ меъёри бозтамвилро то 10,75%-и солона кам кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ин тасмим бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар таъсири пандемияи коронавирус (COVID-19) ва бо назардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дар дохили ҷумҳурӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ин тасмим бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар таъсири пандемияи коронавирус (COVID-19) ва бо назардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дар дохили ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти кишвар андешида шудааст.

Бонки миллӣ аз оғози сол бори дуюм меъёри бозтамвилро паст мекунад: охири моҳи апрел он 1 банди фоизӣ – то 11,75%-и солона поин рафта буд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.