Ду шаҳрванди Афғонистон марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ гузаштанд

Сокинони вилояти Қундузи Афғонистон Ҷалолиддин валади Ёрмуроди 48-сола ва Қалдов Аҳмад Ҷории 30-сола сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар қитъаи “Туюнтов”-и ноҳияи Носири Хусрав ғайриқонунӣ убур карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва аз онҳо ҳудуди 15 кило маводи нашъадори навъи «афюн» ва 140 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», […]

Аваз Юлдошев

Сокинони вилояти Қундузи Афғонистон Ҷалолиддин валади Ёрмуроди 48-сола ва Қалдов Аҳмад Ҷории 30-сола сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар қитъаи “Туюнтов”-и ноҳияи Носири Хусрав ғайриқонунӣ убур карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва аз онҳо ҳудуди 15 кило маводи нашъадори навъи «афюн» ва 140 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», инчунин 1 автомати Калашников, 5 тирдон бо 141 дона тир дарёфт ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, зимни пурсиши дастгиршудагон муайян карда шуд, ки онҳо мехостанд воситаи нашъадорро дар ҳудуди Тоҷикистон ба муомилот бароранд.

Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи оташфишон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба масъалаи марбут ба вазъ дар сарҳад бо Афғонистон изҳор дошт, ки айни замон масъалаи бозгашти сарҳадбонони рус ба марзи Тоҷикистон баррасӣ намешавад ва ҳарчанд вазъият дар сарҳад башиддат бошад ҳам, Тоҷикистон мустақилона ба ҳимояи сарҳадҳои худ қодир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.