Ду бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи сентябр

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои даври интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «F» мунтахаби футболи Тоҷикистон ду вохӯрии дӯстона мегузаронад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 3 сентябр футболбозони тоҷик дар варзишгоҳи “Миллий” дар Тошканд бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 6 сентябр дар Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунанд. Ёдрас мекунем, ки дар […]

Asia-Plus

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои даври интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «F» мунтахаби футболи Тоҷикистон ду вохӯрии дӯстона мегузаронад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 3 сентябр футболбозони тоҷик дар варзишгоҳи “Миллий” дар Тошканд бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 6 сентябр дар Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар даври дуюми интихобии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» мунтахаби Тоҷикистон се бозии дигар мегузаронад.

Рӯзи 8 октябр мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дастаи Муғулистонро қабул карда, рӯзи 12 ноябр дар меҳмонӣ бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Бозии охирини футболбозони тоҷик дар ин даври мусобиқа рӯзи 17 ноябр дар Душанбе бо дастаи Мянма баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.