Техникаи зиреҳпӯш ва авиатсия: размоиши бузургмиқёс дар ВМКБ

Дар қаламрави ВМКБ рӯзи 2 август тамринҳои низомии бузургмиқёси сохторҳои қудратии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ин машқҳо бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар тамринҳо то 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин сарбозону афсарони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави ВМКБ рӯзи 2 август тамринҳои низомии бузургмиқёси сохторҳои қудратии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ин машқҳо бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар тамринҳо то 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётӣ иштирок мекунанд.

Ба ин тамринҳо наздики сад адад техникаи зиреҳпӯш, авиатсия ва автомобилҳои ҳарбӣ сафарбар шудаанд.

Ба ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбие, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад. Тамринҳо рӯзи 5 август ба итмом мерасанд.

Мувофиқи фарзияи машқҳо, гурӯҳҳои сершумори террористӣ кӯшиш мекунанд, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Ин амал қисман ба онҳо муяссар мешавад. Вазифаи ҳайати шахсии дар тамринҳо иштирокдошта зада баргардонидан ва маҳви террористон мебошад.

Таъкид шуд, ки дар размоиш тарзи амалу рафтор ҳангоми ба иҳота гирифтани нерӯҳои терроризми байнулмилалӣ, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ даромадаанд, инчунин ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар таҷрибаи амалӣ санҷида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.