Дастаи “Хатлон”-и Бохтар ғолиби марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон гардид.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар марҳилаи аввал футболбозбонувони Бохтар дар 8 бозӣ ғалаба карда, як дидорро мусовӣ анҷом доданд ва аз 27 холи имконпазир ба гирифтани 25 хол даст ёфтанд.
Дар ҷои дуюм бо 24 хол дастаи “Зебонисо”- и Душанбе мавқеъ гирифт. Ҷои сеюмро тими “Зебо”-и Дӯстӣ бо 22 хол ишғол кард.
Гуфта мешавад, ки дар даври ниҳоии марҳилаи аввал “Хатлон” ба дарвозаи “Равшан” 6 голи беҷавоб зад. 5 голро Лайло Ҳалимова ба номаш сабт кард. “Регар-ТадАЗ” бар тими “Барқ” пирӯз шуд – 7:1. Дар ҳайати тими ғолиб Наргиза Бобоева хет-трик анҷом дод. Дар бозии дигар “Панҷшер” аз “Зебо” бо ҳисоби 0:12 шикаст хурд. Меҳрангез Шарифова ва Саҳина Саидова 4-голӣ заданд. Дар ду бозии дигар “Бешкент” бар “Чашма” бо ҳисоби 7:0 ва “Зебонисо” бар “Ҳосилот” бо ҳисоби 11:0 ғолиб омаданд. Дар ҳайати “Чашма” Рафина Нурмуродова 6 тӯб, дар ҳайати “Зебонисо” бошад, Мадина Фозилова 4 тӯб ба ҳадаф расонданд.
Рӯзи 12 август дар даври 10-ум чунин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд: «Хатлон» – «Равшан», «Регар-ТадАЗ» – «Барқ», «Панҷшер» – «Зебо», «Бешкент» – «Чашма», «Зебонисо» – «Ҳосилот».
Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 10 даста иштирок мекунанд: "Хатлон" (Бохтар), "Зебонисо" (Душанбе), "Зебо" (Дӯстӣ), "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода), "Бешкент" (Носири Хусрав), "Барқ" (Норак), "Ҳосилот" (Фархор), "Чашма" (Шаҳритус), ”Равшан" (Кӯлоб) ва "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ).
Ҷадвали мусобиқа
Дастаҳо Б Ғ М Б Т-Т Х
1 "Хатлон" 9 8 1 0 63-5 25
2 "Зебонисо" 9 8 0 1 84-2 24
3 "Зебо" 9 7 1 1 51-8 22
4 "Регар-ТадАЗ" 9 5 1 3 40-9 16
5 "Бешкент" 9 5 1 3 36-10 16
6 "Барқ" 9 3 1 5 7-46 10
7 "Ҳосилот" 9 2 1 6 5-42 7
8 "Чашма" 9 2 0 7 8-62 6
9 "Равшан" 9 1 0 8 1-44 3
10 "Панҷшер" 9 0 2 7 5-72 2
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


