Ҳабси блогерон барои табдили писарбачаи ноболиғ ба “арӯси замонавӣ”

Аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе се нафар блогерон барои мавриди масхара қарор додани наврас боздошт гардиданд. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи  11-уми августи дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном «блогер» мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе се нафар блогерон барои мавриди масхара қарор додани наврас боздошт гардиданд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи  11-уми августи дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном «блогер» мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст. Ин амали блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта,  аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шавад.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбат ба ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид.

Бо қарори суд Аҳлиддин Хоҷаев ва Акбар Муҳаммадиев ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба Матлуба Кулиева бинобар сабаби кӯдаки ноболиғ доштанаш, ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (406 сомонӣ) шартан ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.